Дониш талабу бузурги омӯз…

         Санаи 8–уми апрели соли 2016 дар суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд тибқи нақшаи кории кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара оиди гузаронидани машғулиятҳои семинари дар нимсолаи аввали соли 2016 таҳти роҳбарии Раиси суд Ҳафиззода Т.М. семинар машварати навбати дар мавзӯи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

              Рафти гузаронидани семинар машварати кормандони дастгоҳи суд  котиби суди суди шаҳри Исфара Раҳимзода Раҳими Солибой оиди Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза намуда ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас баён намуд.

               Дар интиҳои семинар машварат раиси суд Ҳафиззода Т.М. аз гузаронидани семенар машварат натиҷагири намуда иброз намуд, ки дар замонаи ҳассоси бархурди тамадунҳо ва ҷаҳонишавии ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода, дастгири намудани сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ба Ватан ва ба халк самимона, содиқона ва бо дасту нияти пок хизмат намуданро талқин намуда, ба кормандон таъкид намуд, ки дар роҳи пешгири намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ бетараф набошем.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.