Шахсони муътабар

         Мо дар айёми ҷавони сармасти неърӯю маҳорат ва тавоноиҳои ин даврон, сокинони баҳори бехазони умри одамӣ ва ҳокими дунёи гуворои хеш ҳастем. Дар назари мо тамоми кори дунё ба қудрати мо тавон аст. Хушком он ҷавонест, ки бо баробари ҳисси чунин  эҳсосотҳо дарк мекунад, ки дар насиби ин давраву ин неъматҳо ба ки сипосгузор аст. Худованди бузург ба олитарин офаринишаш инсон, нахуст ақл ато кардааст, ақл ато намуда дар шинохтани худ, ибодату итоати худ ва қадри неъматҳои насиб фармудаи худ  вазифадор гардонидааст. Қазо аз ҷониби холиқи ягона навишта шуда, он гунае, ки аз рӯзи таваллуд офаридааст то ба марг чунон мебарад. Тақдири одамӣ фармудаҳои бетағйири Худост, аммо тадбири он дар дасти худи одам аст. Яъне сарнавишти инсон аз худи ӯ низ вобаста аст. Баъзан аз сустии ирода  одамон тақдир ҳамин гуфта худро фиреб дода тасалли медиҳанд, ки ин ҳам аз дуруст нашнохтани Худову хеш  шаҳодат медиҳад. Зеро ҳақиқати бебаҳс дар маҳкам доштани буттаи худ вақти дар дарё ғарк шудан мебошад. Пас бояд мудом дар кӯшиши шинохти Худову хеш бошем.

         Дар байни халқ масале ҳаст, ки одам ба одам зинда аст. Дар зиндагии пур аз шебу фароз ва рӯҳафтодагию  хурсанди моро шахсоне ҳамраҳи мекунанд, ки мақоми азиз доранд. Шахсоне, ки  ҳузурашон муборак, талабашон мақбулу дуояшон мустаҷоб аст. Он шахсоне, ки дар лаҳзаҳои ғамгини суханашон тасаллибахшу дар лаҳзаҳои шоди насиҳаташон шукргузори кардан аст. Он шахсоне, ки ҳатто сукуташон ба мо панд дода муаммоеро дар қалби мо ҳал мекунад. Он шахсоне, ки моро хумори дидорашон мудом ҳамраҳи мекунад. Он шахсоне, ки бо тамоми хастияшон барои мо хизмат мекунанду бар ивазаш хурсандию хушбахтии моро талаб мекунанд. Онҳо шахсони барои мо мӯътабар ҳастанд, ки мо бо ифтихору болидаги  «падару модарам», «устодам», «пирам» , «муаллимам»  ва  «дӯстам» мегӯем.

         Мегӯянд, ки фарзанди инсон баъди ба дунё омадан, гарчанде, ки дар паноҳу тарбияи падару модар аст, гилеро мемонад, ки қолаби дуруст надорад. Барои қолаби дуруст гирифтан, қолаб лозим аст ва гӯё нақши ин қолабро устод, муаллим мебозидааст. Бузурге чунин мефармояд: «Ба падару модар раҳмат, ба устодон таъзим, яке агар ба мо ҳаёт бахшанд, дигар ҳаёти некро мебахшанд.» Мо аз волидайн умр гузарониданро омӯзем, аз устод аз ҳаёт баҳра гирифтанро меомӯзем. Ҳаёт бе равияи аниқ ва зиндаги бе ягон мақсади муайян маъно надорад. Мо маҳз аз сабакҳои устод барои худ равия интихоб намуда ба назди худ мақсад гузошта ҳаёту зиндагиамонро маънӣ мебахшем. Чун ҳасти маъно мегирад, умр ба худ шаҳд пайдо мекунад. Кас дар рӯзгораш беҳбуди ҳис намуда дарк мекунад, ки дар байни халқ мақом ва ё ҷои муайни худро ишғол кардааст. Касе, ки ба ҳамин рӯз мерасад, агар вай оқил бошад, нахуст онеро ҷустуҷӯ мекунад, ки сабабгори то ба ин дараҷа расидани ӯ гашта буд ва ӯ мефаҳмад, ки ин шахс устоди  ӯ, тарбиятгари ӯ аст.

         Зиндаги ба мо якчанд роҳҳоро пешниҳод мекунад, ки яктои онҳо роҳи дуруст аст. Барои он шахсе, ки аз сабақи устод дур мондааст, интихоби роҳи дуруст душвор мегардад.Маҳз омӯхтани сабақҳои додаи устод ва расидан ба умқи маъниҳои насиҳатҳои ӯ ба ҳар кас имкон медиҳад, ки дар зиндаги роҳи дурустро интихоб намуда бо он пеш равад.

         Навозишҳои гарми модари ғамхор, суханони пандвору насиҳатҳои пурқимматаш, ки мо аз он дарси зиндагӣ мегирем қадрашро баъд маълум мекунад. Мо ба камол расида аз якрангии рӯзгор ҳаста шуда канори оромишбахшандаи модарро меҷӯему қиммативу бузургии ӯро боз ҳам бештар дарк мекунем. Гоҳе аз сахтиву ноадолатиҳои кору рӯзгор мо хаста мешавем, мадади маънавӣ меҷӯем ва дар ин лаҳза мо суханони бузургвори падарро ба хотир меорем. Гар падар аз мо  дур бошад мо чеҳраи нурониашро пеши назар оварда ғоибан аз ӯ маслиҳату мадад мепурсем, ки ана ҳамин меҳрварзии мо мушкиливу дилгирии моро бартараф мекунад ва мо боз ба зиндагони дилгарм мешавем. Баъди чунин андешарони дар назари мо ҳаётамон дар ранги дигар метобад ва корҳои мо ҳама ба хости дили мо мешавад. Чунин идрок намуданро мо танҳо аз сабақу дарсҳои додаи муаллимон меомӯзем. Мо падарро бузургвор мехонем, тайёрем, ки ҳар лаҳза сар ба пеши пояш гузорем. Модарро бошад аз тамоми мавҷудоти олам азизтарину мӯътабартарин инсон мешуморем. Ба чунин дараҷаҳои оли баровардани падару модарро ба мо устод омӯхтааст. Беҳуда намегуянд, ки:

                  

               Ҳеч кас аз пеши худ чизе нашуд,

                Ҳеч оҳан ханҷари тезе нашуд.

                Ҳеч Мавлона нашуд Мавлои Рум

                Гар муриди Шамси Табрези нашуд.

        

Боғбон ниҳолеро сабзонида нигоҳубин мекунад. Агар он ниҳол бузургу бобар шавад, гумон мекунад, ки ин мӯъҷиза маҳсули меҳнати ӯ аст. Бале, ин дуруст аст, боғбон ниҳолро шинонид, тамоми қувваашро барои нашъунамо ва сабзиши он сарф кард, лекин он ниҳол наметавонист бе об, бе шуои офтоб сабзида қад кашида бобар шавад. Инсон ҳам мисли дарахт аст, ки падару модар боғбон ҳастанд ва устод гармии офтобу нармии об аст. Устод барои фарзанди чун навниҳоли инсон обу офтоб аст, ки бе он фарзанди одам наметавонад сабзида бузург шавад.      Шоир мефармояд:       

        

                Боғ агар бебогбон он зуд меёбад хазон,

                Кай шавад як мазрае гулзор бе оби равон.

                Кай ниҳоле сабз гардад, қад кашад суи само,

                Бе ҳарорат бе шуои офтоби пурсахо.

                Ҳар касе «шогирди беустод ман» гуяд хато,

                Ҳамчунин устоди бешогирд номи бебақо.

 

         Ҳаёт зинапояе нест, ки танҳо боло барад. Майдони зиндаги майдони муҳориба аст. Ҳар як шахсро хатари ногаҳон ҳамла овардани душман таҳтид мекунад. Бояд ҳар шахс барои муҳофизати худаш омода бошад. Дар умри инсоният муаммою мушкилиҳои гуногун зиёд ҳастанд. Ҳар гоҳ метавонанд сади роҳи ҳар яки мо шаванд. Дар чунин ҳолатҳо панди устод, сабақҳои додаи ӯ аввалин ёрирасони мо аст.

         Овардаанд, ки фоида наёбад таълимгиранда аз илм магар ба таъзими илм ва таъзими устод. Яке аз чаҳор ёрони Пайғамбар (с) Али гуфтаанд, ки: «Ман ғуломи касеам, ки маро як ҳарф аз илм омӯхт». Ҳикоят мекунанд, ки бузурге дар хизмати устоди худ Мавлоно Ҳисомиддин алайҳи-р-раҳма буд. Рӯзи чумъа оби таҳорат хост, оби тахорат ба ӯ овард. Он бузург таҳорат мекард ва ӯ ба дасти ӯ об мерехт. Дар вақти пой шустан як қабза обро аз пои ӯ бигирифт ва ба дар рӯй ва риши худ молид ва дид, ки ранги вай барафрохт, яъне хурсанд шуд. Ва лаб ба дуо чунбонид ва хайри дунё ва охират барои ӯ аз Худованд хост. Ҳарчи он бузурги ёфт, аз он ҷо ёфт, то ин ҳама давлат ва саодат ӯро насиб шуд. Бояд бидонист, ки хизмати устод ва хушнуд доштани ӯ сабаби саодат, яъне некбахтии ду ҷаҳон мегардад.

Баду неки ҷаҳонро таҳлил намудан,  ба рафтору гуфтори атрофиён баҳо додан, сафедро аз сиёҳ фарқ намудан, барои ояндаи худ нақшаҳо кашидан, муносибати худро нисбати дигарон муайян намудан ва бар омаду ноомади рӯзгор сабр карданро, ки  ҳама сифатҳои олитарини одами ба ҳисоб мераванд, дар асоси тавфиқи ато намудаи парвардигор, муаллимон дар замири мо парвариш мекунанд.  Аз ин рӯ ҳаққи эшон болотар аз ҳаққи падарон аст. Зеро падар бо бузургияш ба муаллимон умед карда фарзандашро бо мақсади дуруст, босавод ва инсони комил ба воя расинидан ба назди устод, ба хизмати омӯзгор месупорад. Ба маънии дигар муаллим, устод барои бунёди ояндаи фарзанди одамӣ меъмор ҳаст ва ободии давоми зиндагонии фарзанд  аз ӯ вобаста аст.     

 Бо ранҷу азоб расидан бар баландиҳои ҳаёт ва гузаштани нишебиҳояш ин фарзҳои зиндагони аст. Одамизод дар даврони кӯдаки мехоҳад, ки зудтар бузург  шавад, вале баъди расидан бар камолот бештару-бештар мехоҳад, ки аз нав кӯдак шавад. Ба ин манӣ устод Лоиқ хуб фармудаанд:

         Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки нодон шавам,

         Боз мехоҳам, ки аз нав кӯдаки гирён шавам.

         Ман чӣ мехоҳам, Худоё?

         Ман дигар кӯдак нахоҳам шуд дареғо!

         Лек одам ҳар қадар солору пурармон шавад,

         Боз мехоҳад, ки боре кӯдаки нодон шавад

 

Саховати бепоёни устодони тарбия додаи моро подоше аз даргоҳи боҳиммату мӯҷизаофари ғайб бошаду, моро шоистаи он гардонад, ки ифтихори таълимдодагонамон бошем!  

                

 

                Котиби маҷлиси судии суди шаҳри Исфара:

 

                               Нигора Сатторова.             

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.