Семинар

Санаи 15 январи соли 2016 дар суди шаҳри Исфараи вилояти Суғд тибқи нақшаи кории кормандони дастгоҳи суди шаҳри Исфара оиди гузаронидани машғулиятҳои семенари дар нимсолаи аввали соли 2016 семенар машварат дар мавзӯи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

 Сухани ифтитоҳиро раиси суд Ҳафиззода Т.М. оғоз намуда оиди аҳамияти гузаронидани чунин машғулиятҳои семенари байни кормандони дастгоҳи суд бадин васила сайқал додани сатҳи дониш ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиёни давлатӣ ибрози ақида намуд.

Рафти гузаронидани семенар машварати кормандони дастгоҳи суд мутахасиси суди шаҳри Исфара Фахриддинзода Сабоҳиддин оиди Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳӯрии Тоҷикистон» маъруза намуда ба саволҳои пешниҳодшуда ҷавобҳои мушаххас баён намуд.

Дар интиҳои семенар машварат раиси суд Ҳафиззода Т.М. аз гузаронидани семенар машварат натиҷагири намуда иброз намуд, ки дар замонаи ҳассоси бархурди тамадунҳо ва ҷаҳонишавии ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб зиракии сиёсиро аз даст надода, дастгири намудани сиёсати пешгирифтаи пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, ба Ватан ва ба халк самимона, содиқона ва бо дасту нияти пок хизмат намуданро талқин намуд.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.