Адолат бо одилон ба халқ мерасад.

Фазои софи озоди имрӯзаи давлат, оромии мардум, тинҷии ҷамъият ва осудагии халқ, як неъматест, ки баҳри расидан ба он чандин нафар бародарон бо бародари худ ҷангида, қалби миллатро чок карда, бар ивази хуни бегуноҳон дар набарди хусумату маҳалгарои байни қавмияти як аҷдод бадаст оварда шудааст. Фазои миллат даҳшатҳои он даврони ҷанги бародаркушро ҳанӯз ба сар дорад. Доғи ин ҳодисаи нанговар ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд.

Чун арзишаш бебаҳо аст, месазад ҳар лаҳза шукронаи ин неъмат карда, дар бардавомии он ва пешравии давлат камари ҳиммат баст.

Тоҷикистон имрӯз дар арсаи ҷаҳони бо эълон доштани сиёсати давлати соҳибистиқлол, мустақил, демократӣ, дунявию ҳуқуқбунёд ва ягона мавқеи мустаҳкамро ишғол кардааст. Давлатҳои зиёди дунё халқи тоҷикро шинохта, аз фарҳангу таърихаш, аз арзишҳои маънавию сарватҳои бебаҳояш огоҳи ёфтаанд. Давлати мо имрӯз узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гаштааст.

Баҳри амалигардонии сиёсати пешгирифтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яке аз мақомотҳое, ки нақша бағоят ғанӣ дорад, ин мақомоти судии кишвар мебошад.

Системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои таҷзия шудаи ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор рафта, дар Сарқонунӣ давлат боби алоҳида марбут ба тарзи ташкилу фаъолияти ин мақомот бахшида шудааст.

Сиситемаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал соли 1924 дар даврони РСС Тоҷикистон таъсис дода шуда, оғоз аз ҳамон давра то имрӯз дар сохтору фаъолияти худ борҳо тағйиротҳо, дигаргуниҳо ва навовариҳоро ворид кардааст.

Мақомотӣ судӣ баҳри таъмини адолати судӣ ва ҷамъиятӣ давоми ин солҳо дар ҳама гуна давраю шароит, дар ҳама намуд монеаю душвориҳо, мушкилию дарпечдагиҳо устувор истода, бо истифодаи дуруст ва холисонаи меъёрҳои қонунгузори ба ҳадафи худ расидааст.

Адлу адолат чун хусусияти хоси мардуми тоҷик аз азал дар мафкураи халқ ҷойгир шуда, бо парастиши ин арзишҳои баланди ҳастии инсонӣ шукӯҳу шаҳомат пайдо карда, сазовори эҳтироми дигарон гаштааст.

Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки ҳанӯз аз даврони хеле қадим дар байни мардуми ориёю форсизабон, яъне тоҷикон парастиши  адолат ва адолатпарастон паҳн шуда, аз ҳама боло дониста мешуд.

Имрӯзҳо низ ин арзишҳо ҳамоно макоми худро гум накардаанд ва бо ҳаракату кӯшиши шахсони боэҳтиром ин анаъанаҳо давом ёфт истодаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиситемаи судӣ таъминкунандаи адолати судӣ, иҷтимоӣ, таъмини волияти қонун, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва бародарҳуқуқӣ дар назди қонун ва суд мебошад.

Аз ҷамъбасти ҳисоботии судӣ дар ҳамаи давраҳои ҳисоботӣ дида мешавад, ки рӯз аз рӯз шуурнокии мардум тараққи карда истода, марбут ба ин талаботҳо зиёд шудаанд, ки дар радифи онҳо баҳсҳо низ бештар шуда истодаанд. Гарчанде, ки сатҳи ҷинояткори дар қаламрави кишвар бо муборизаи беамон сол аз сол кам шуда истода бошад ҳам, аммо вобаста ба пайдо шудани зуҳуротҳои нави замонавӣ набояд аз онҳо осудаҳоли кард.

Фаъолият дар системаи судӣ, ки яке аз шохаҳои мустақили ҳокимияти давлат ба ҳисоб меравад, масъулияти хеле баландро аз барандагони ин мақом талаб мекунад. Чунки аз дарку идроки дурусти онҳо ҳаёти инсон вобастагӣ дорад. Ростакорию поквиҷдонӣ дар ин вазифа хусусияти аввалиндараҷа буда, танҳо бо доштани ин сифатҳо музаффариятӣ касбӣ насиби онҳо мегардад.

Аз ин рӯ бояд дар назар дошт, ки судя ин шахсе мебошад, ки мардум бо тамоми ҳастияшон ба адолати ӯ, бовар мекунанд. Нисбаташ эҳтиром мегузоранд, ба ақлу маҳорат ва дониши ӯ тақдири худро бовар мекунанд. Ин боварии халқ аст, ки бузургии ин мақомот ва мақомро собит мекунад. Бинобар ин бояд баҳри халқ меҳнат карда сазоври боварии мардум гашт.

Сиситемаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи истиқлолият ва баъди он ҳамоно бо принсипҳои волоияти қонун, баробари дар назди қонун, инсонпарастӣ, эҳтимолияти бегуноҳӣ ва ногузирии ҷавобгарӣ фаъолият бурда истода, дар ин самт истифодаи дурусти меъёрҳои ҳуқуқиро амалӣ карда истодааст.

Баҳри ба амал баровардани корхои фаҳмондадиҳи дар самти пешгирии омилҳои номатлуби ҷомеаи имрӯза, амсоли шомил шудани мардум, хусусан ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, бурдани ташвиқотҳои нодурусти динӣ байни аҳоли, баланд ва босифат намудани раванди назорат ва тарбияи ҷавонону ноболиғон аз ҷониби волидайн ва муассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби кормнадони суд, хусусан судяҳо байни мардум тавассути воситаҳои ахбори омма бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ гузаронида мешавад.

Хар як корманди суд ба хуби бояд дарк намояд, ки дар халли саривакти ва босифати мурочиатҳои шаҳрвандон ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, ба амал баровардани адолати судӣ ва посдори волоияти Қонун масъул буда, роҳбарияти давлату ҳукумат назди ҳар яки онҳо бо ғамхориву дастгири адои софдилонаи вазифаҳои мушаххасро гузоштааст.

Бо дастгири аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомали Раҳмон дар ҷавоби ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳури ва дарки баланди масъулияти коршиноси кормандони суд фаъолияти худро ба роҳ монда, давлату халқро бовар мекунонанд, ки минбаъд ҳам дар тантанаи адолати судӣ ва ҳифзи ҳимояи манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ба натиҷаҳои дилхоҳ сазовор мешаванд.

Ҳамасола дар Ҷумҳури рӯзи шанбеи ҳафтаи дуюми моҳи октябр ҳамчун иди Рӯзи касбии кормандони суд қайд карда мекашад. Ин рӯз барои ҳар як узви ин система як ҷашн буда, бори дигар водор мекунад, ки аз мавқеи он бохабар шуда, арзиши он ва дараҷаи аҳамиятнокии онро дарк кунанд. Фаъолияти макомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист таҷрибаҳои навро дар худ ҷори карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварад ва ин боиси ифтихор мебошад.

Дар ин муддат аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораҳои зиёди Қарорҳоро марбут ба таҷрибаҳои судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданию оилавӣ ва ҷиноятӣ, вобаста ба ҳар гурӯхи алоҳидаи муносибатҳои баҳсии  гражданию ҷиноятӣ қабул карда, марвиди амал қарор дода бо тағйир ёфтани шароит ва пайдо шудани баҳсҳои нав ба онҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Нафарони зиёди ботаҷрибаи фаъолияти судӣ, собиқадорони ин соҳа ба монанди Хоҷаев Избилло, Маҳмудов Алиҷон ва Фозилбеков Муродбек бо нашри китобу мақолаҳо аз таҷрибаҳои худ ба дигарон дастур додаанд.

Таҷрибаи мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди баамал баровардани адолатӣ судӣ таҷрибаи бойро соҳиб гаштааст, ки ин ҳолатро рафти фаъолияти имрӯзаи он ва хулосаҳои ҷамъбастӣ, ҳисоботҳои солона собит месозад.

Дар охир бошад ҳаминро гуфтаниам, ки ҳар як узви мақомоти судӣ бояд дар назар дошта бошад, ки аз дарки масъулиятшиносии ӯ умру зиндагонии дигарон, яъне халқ вобастагӣ дорад, ки аз ҳама қувваи бузург аст. Бинобар ин бе шак гуфта метавон, ки адолат бо одилон ба халқ мерасад.

Ҳамаи Шуморо бо ин ҷашн муборакбод гуфта, барои Шумо пеш аз ҳама сиҳатию саломатӣ, сарбаландӣ дар адои вазифа, комрони  ва муваффақиятро таманно мекунам. Бигзор дар адои вазифаи худ содиқ монда ба зинаҳои балани касби расида доимо дар хизмати халқу Ватан бошед.

 

 

Раиси суди шаҳри Исфара:                                 Ҳафиззода Т.М.

Комментирование на данный момент запрещено, но Вы можете оставить ссылку на Ваш сайт.

Комментарии закрыты.